Алмосбек Отамбоев боздошт шуд

Раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар ахиран боздошт гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон  Алмосбек Отамбоев боздошт гардида, ӯро зери назорати маъмурини мақомоти интизомӣ ба Бишкек бурданд, хабар медиҳад сомонаи Sputnik Қирғизистон

Жээнбеков гуфт: Отамбоев дигар на ҳамчун шоҳид, балки гумонбар аст

Бар хабари манбаъ, Алмосбек Отамбоев худаш ба маъмурини милитсия ба хотири он ки сокинони осоишта осеб наёбанд, таслим шудааст.  

Роҳбандӣ, даргирии ҷадид ва талоши дигари боздошти Отамбоев - навор

Қаблан раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зимни ҷаласаи Жогурку Кенеш изҳор дошт, ки агар то ин дам Отамбоев барои бозпурсӣ ба ҳайси шоҳид даъват мешуд, ҳоло ба ӯ ҳамчун ба гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнин муносибат хоҳанд кард.

Отамбоев иқрор шуд, ки оташро на ҷонибдоронаш, балки худи ӯ кушод

Зимнан Сооронбой илова намуд, ки дастандаркорони ноамниҳои ахир дар Қирғизистон ҳатман боздошт ва ҷазо дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти боздошти собиқ раисҷумҳури Қирғизистон давоми як шабонарӯз тӯл кашид.

Шоми дирӯз воҳидҳои таъиноти махсус ба бошишгоҳи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек оамбоев зада даромаданд.

Қатъи рухсатии Жээнбеков ва изҳороти Кремл дар бораи амалиёти боздошти Отамбоев

Онҳо хостанд Отамбоевро боздошт кунанд, аммо тарафдорони собиқ президент монеъӣ амалиёти онҳо шуда, дар натиҷа миёни ҳар ду ҷониб тирпарронӣ сар зад, ки як нафар кушта барҷой гузошт ва  85 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.