Ба хонаи Отамбоев зада даромадаанд, тирандозӣ шунида мешавад – видео

Дар Интернет видео падид омадааст, ки дар он раванди ҳамла ба хонаи Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон инъикос шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Дар Қирғизистон амалиёти хоси дастгир кардан аз Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқ оғоз ёфт, хабар дод Sputnik Қирғизистон.

Ба гуфтаи Кундуза Жолдубоева, мушовири Отамбоев дар умури ҷамъиятӣ, дастаи таъиноти махсус вориди хонаи Отамбоев шуд.

Хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилӣ таъйид кард, ки дар Кой-таш Гурӯҳи махсуси амниётӣ ба хонаи президенти собиқ дохил шуд.

Ёдовар мекунем, ки дар авохири моҳи июн парламенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро аз мақоми президенти собиқи кишвар маҳрум кард.