Суҳбати динии Раҳмон: аз бародарони шайтон то хони идона ва шарти анҷоми Ҳаҷу Қурбонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар хитоб ба мардуми кишвар тавзеҳ дод, киҳо бояд Ҳаҷ раванд ва Иди Қурбон чӣ гуна таҷлил шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Ховалинг дар хитоб ба мардуми кишвар гуфт, баъди чанд рӯз мардуми мусулмони мо яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом – иди Қурбонро таҷлил мекунанд.

Мақомоти Хуҷанд: забҳи чорво дар ҳавлиҳо манъ аст, танҳо дар ҷойҳои муайян

“Ҳикмати аслии иди Қурбон аз он иборат аст, ки мусулмонон дар замири худ бо роҳи ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб ба Худои таоло наздикӣ меҷӯянд ва ба ризоияти ӯ умед мебанданд.Рисолати тарбиявӣ ва ахлоқии ин ид дар изҳори фурӯтаниву хоксорӣ, самимияту садоқат, ростқавливу иродатмандӣ дар бовару эътиқод ва рафтору гуфтор ифода меёбад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур дар тӯли асрҳои зиёд арзишҳои инсонпарварӣ, аз қабили хайру эҳсон, дастгирии ятимону маъюбон, беморону ранҷурон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон ва изҳори ҳамдардӣ ба азодорон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои иди саиди Қурбон ба шумор мераванд.

Ӯ зикр намуд, ки дар ин рӯз адо кардани намози ид, анҷом додани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан аз ҷумлаи фаризаҳои исломӣ мебошанд.

“Вале ҳамватанони мо бояд донанд, ки қурбонӣ кардан ва ба ҷо овардани маносики ҳаҷ танҳо ба онҳое фарз аст, ки имконияти васеи моддӣ доранд, яъне зиндагиашон аз ҳар ҷиҳат таъмин ва бе мушкилот мебошад. Онҳое низ, ки ба ҳаҷ мераванд, бояд соҳиби манзили истиқоматии обод бо шароити зарурии зист барои худ ва аъзои хонадон бошанд ва дар давраи сафари ҳаҷҷи онҳо аҳли аёлашон аз лиҳози таъминот азият накашанд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур илова намуд, ки чунин шахсон, ҳамчунин, бояд масъалаи рӯзгор ва шароити зиндагии хешу табори камбизоати худро ба эътибор гиранд.

Эмомалӣ Раҳмон: бигузор мардум донанд, ки имомхатиби Дарвоз қурбонӣ накардааст

“Қурбонӣ кардан низ ба чунин шахсон ҷоиз буда, анҷом додани ин амал ба касоне, ки шароити дурусти зиндагӣ надоранд, шарт нест. Баръакс, онҳое, ки дорои имконияти васеи моддиву молӣ мебошанд, бояд як қисми гӯшти қурбоникардаи худ ва дигар садақаву хайроти худро ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат диҳанд”, - шарҳ дод Раҳмон.

Раисиҷумҳур дар хитоб ба ҳама афзуд, ки “ҳамчунин, ҳангоми баргузории ид ва оростани дастурхони идона мо бояд аҳкоми шариатро дар хусуси зиёни исрофкорӣ риоя кунем ва фармудаи Қуръони каримро, ки исрофкоронро бародарони шайтон шуморидааст, аз ёд набарорем”.

Ӯ тавзеҳ дод, ки таърихи пайдоиш ва номи иди Қурбон маънои дастурхони пурдабдаба оростан ва ба тӯю зиёфатхӯрӣ табдил додани ин иди сирф диниро надорад.