Пешвози паҳлавонҳои навраси тоҷик, ки аз Чемпионати ҷаҳон медалҳои таърихӣ оварданд

Варзишгарони тоҷикро, ки аз Чемпионати ҷаҳон дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ миёни наврасон бо 2 медал баргаштанд, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулони соҳа, пайвандону наздикон ва ҳаводорони варзиш ботантана пешвоз гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Чемпионати куштӣ миёни наврасон аз 29 июл то 4 август дар шаҳри Софиаи Булғористон баргузор шуд.

Қаҳрамони Осиё аз Тоҷикистон ба чемпионати ҷаҳон рафт

“Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 3 нафар аз рӯи намуди куштии юнонӣ-римӣ дар чемпионат иштирок карда, ба гирифтани 2 медал - 1 нуқра, 1 биринҷӣ, даст ёфтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, медали нуқраро Шероз Очилов дар вазни 65 кило, медали биринҷиро  Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55 кило ба даст оварданд. Ҷаъфарҷон Зафарзода дар вазни 71 кило дар даври аввал ноком шуд. Дар қувваозмоиҳои куштии юнонӣ-римӣ беш аз 150 варзишгар аз 41 давлати ҷаҳон иштирок карданд ва Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ ҷои 14-умро ишғол намуд.

Панҷ ҷои 5-уми куштигирони Тоҷикистон дар чемпионати Осиё дар Чин

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасон дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ Фаррухрӯз Раҳмонов дар суҳбат иброз дошт, ки дар таърихи варзиши кишвар ин аввалин медали варзишгарони намуди куштии юнонӣ-римӣ аз Чемпионати ҷаҳон мебошад.

Кумитаи миллии олимпӣ зикр кардааст, ки аввали моҳи июл дар Чемпионати Осиё, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон доир гардид, Фирӯз Мирзораҷабов ба гирифтани медали тилло ва Шероз Очилов ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб шуда буданд.

Фирӯз Мирзораҷабов дар мактаби варзишии захираҳои олимпии рақами 6-и шаҳри Душанбе бо роҳнамоии мураббӣ Субҳониддин Абдукаримов ва Шероз Очилов дар шаҳри Истаравшан бо роҳнамоии Баҳрулло Отамуродов тамрин мекунанд.