Дар Тоҷикистон ба маблағи 497,1 миллион доллар роҳҳо ва пулҳо сохта тармим мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои сохтмон ва бозсозӣ намудани роҳҳо ва пулҳои мошингузари ҷумҳурӣ наздики 500 миллион доллар маблағ дарёфт намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik.  Бар хабари вазорати нақлиёти Тоҷикистон, барои амалӣ шудани 11 лоиҳаи вобаста ба сохтмон ва тармими роҳу пулҳо 497,1 миллион доллар ҷудо гардидааст.

"11 лоиҳа ба маблағи 497,1 миллион доллар барои соҳаи нақлиёт ихтисос дода шудааст", -  гуфта мешавад дар хабари ин вазорат.

Дар Душанбе купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ навсозӣ мешавад-акс
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки маблағи мазкур барои сохтмони роҳҳои нав ва тармими пулу роҳҳои мошингузар масраф хоҳад шуд.

Дар шаш моҳ дар вилояти Суғд беш аз ҳазор километр роҳ таъмир шудааст

Ба иттили манбаъ, ба феҳрасти лоиҳаҳое,ки мавриди назар қарор гирифта шудаанд, бозсозии роҳҳои Душанбе-марзи Узбакистон - марҳилаи 2, Бохтар - Душанбе - марҳилаҳои 1 ва 2, Кангурт - Балҷувон-Ховалинг ва ғайра мебошанд.

Зимнан дар доираи  лоҳиаи мазкур сохтмони нақбу пулҳо низ ба назар гирифта шудааст.

Покистон долонoҳои зиддитарма месозаду ширкати IRS не: интиқоди вакилон аз ширкат

Ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, маблағгузории лоиҳаҳо асосан аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ карда мешавад.