Раҳмон дар Балҷувон аз бинои Хадамоти муҳоҷират то хобгоҳ ва боғчаи кудакон ифтитоҳ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки алъон дар ноҳияи Балҷувон қарор доранд, аллакай чандин иншооти муҳиму муосирро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бар хабари давлати матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон,  бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷиратиро мавриди истифода қарор дод.

Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон сафар карду, дар деҳаи Калтачанор хати оби нӯшокиро ифтитоҳ кард

Гуфта мешавад, бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, шакл ва намои берунаи бино бо истифода аз усулҳои баланди меъморӣ оро дода шудааст.

Бинои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар масоҳати 513 метри мураббаъ доман паҳн карда, дар он ҳамчунин сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ҷойгир мебошанд.

Зимнан роҳбари давлат ба фаъолияти маркази хизматрасонии "Гулдастон" ҳусни оғоз бахшид.

Раҳимзода ба сохтмони бинои "Муҳофиза" дар Данғара оғоз бахшид

Коргоҳи мазкур аз ду ошёна ва утоқҳои корӣ иборат аст. Дар ин ҷо занону бонувони чирадасти ноҳия, ки маҳорати хуби дӯзандагӣ доранд, дар баробари оне, ки ба кор ҷалб гардидаанд, ҳамчунин барои омӯзонидани ҷавондухтарон низ фаро гирифта шудаанд.

Қабати якуми бино аз кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши либосҳои омодашудаи коргоҳ, машваратгоҳ иборат буда, дар ошёнаи дуюм толори дӯзандагӣ бо насби 20 мошинаи дарздӯзӣ, утоқи маъмурият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Даҳҳо кас кушта шуд: андӯҳи Раҳмон аз ҳамлаи мусаллаҳона дар ИМА

Акнун баъди ба истифода додани маркази хизматрасонии "Гулдастон" қариб 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин ҷо оянда сехи дӯзандагӣ васеъ гардида, шумораи коргарон зиёд карда хоҳад шуд.

Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бинои навбунёди боғчаи кӯдаконро, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия  сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Раҳимзода ба сохтмони бинои "Муҳофиза" дар Данғара оғоз бахшид

Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад.

Корҳои сохтмонии бинои кӯдакистон моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба истифода  дода шуд. Масоҳати умумии бино 535 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Акнун баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур мушкилоти фарогирии кӯдакон дар ноҳия бартараф шуда, имкониятҳо барои қабули онҳо бештар гардидаст

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хобгоҳи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ромавриди истифода қарор доданд.

Бинои хобгоҳи тозабунёд 4-ошёна буда, дорои 36 ҳуҷра ва 450 кати хоб мебошад, ки ҳамаи ҳуҷраҳои он дорои шароити заруриянд.

Дар мактаби рақами 1 зиёда аз 390 нафар тарбиятгиранда бо шумули 3 нафар ятим, 31 нимятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд.