ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Интизор меравад, дар деҳоти Жаслики Узбакистон муасисаи ислоҳии низомаш сахт баста шавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Узбакистон.
Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ин муассисаи ислоҳиро раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба имзо расонидаст.
Дар зиндонҳои хориҷ 158 маҳбусзанҳои тоҷик: ҳукумат мегӯяд онҳоро бармегардонем
Гуфта мешавад, Мирзиёев чунин тасмимро пас аз танқидҳои пайи ҳами созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар мавриди ҷой доштани шиканҷаи зиндониён дар ин маҳбасхона гирифтааст.
Зимнан манбаъ қайд мекунад, ки тасмим инчунин барои таҳкими ҳуқуқи инсон дар кишвар, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, гирифта шудааст.
Раҳмон хоҳиши Раббонӣ дар мавриди таҳвили зиндониёнро иҷро кард - акс
Гуфта мешавад, ҳама маҳкумшудагон дар ин маҳбасхона ба дигар муассисаҳои ислоҳии Узбакистон интиқол дода мешаванд.
маврид ба зикр аст, ки қаблан муасисаи мазкур бинобар шароити бади нигаҳдории маҳбусон диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ кашида буд.
Рустам Шоҳмурод: дар Тоҷикистон зиндонҳои замонавӣ месозанд
Дар бинои ин муасиса маъмулан маҳбусоне,қарор доранд,ки бо ҷурми даст доштан дар амалҳои террористиву ифротгароӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
Бисёре аз маҳбусонро дар ин зиндон барои нақзи низоми маҳбас ба мӯҳлатҳои иловагии аз як то се сол маҳкум намуда буданд.