Шикасти Кувайт ва рекорди нави тоҷикон дар “Биатлони танкӣ”

Дар VI сабқати байналмилалии "Биатлони танкӣ" сарбозони тоҷик дар тирандозиву тезронии танк нисбат ба тими танкронҳои Кувайт беҳтар буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Дастаи танкронҳои Тоҷикистон дар VI сабқати байналмилалии "Биатлони танкӣ", ки имрӯзҳо дар размоишгоҳи Алабино мегузарад, рекорд заданд.

Духтарони танкрон дар мусобиқаи "Биатлони танкӣ" мардонро қоил карданд

Дар рӯзи чаҳоруми мусобиқа дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии лейтинанти калон Собирҷон Кабутов беҳтарин вақтро нишон додааст. Зиреҳсаворони тоҷик масофаро дар 26 дақиқаву 30 сония сипарӣ карда, бо беҳтарин натиҷа мақоми аввалро ба даст оварданд.

Русия, Белорус, Қазоқистон ва Чин ба даври ниҳоии биатлони танкӣ роҳ ёфтанд

Ҳамин тавр дастаи Тоҷикистон дар қиёс ба мусобиқаҳои солҳои қаблӣ беҳтарин вақтро нишон доданд. Пештар танкронҳои тоҷик барои анҷоми мусобиқа беша аз 30 дақиқа вақтро сарф мекарданд.      

Шикасти Кувайт ва рекорди нави тоҷикон дар “Биатлони танкӣ”

Дар VI сабқати байналмилалии "Биатлони танкӣ" сарбозони тоҷик дар тирандозиву тезронии танк дастаи танкронҳои Кувайт шикаст доданд.

Зиреҳсаворони Тоҷикистон дар бахши тирандозӣ ба натиҷаи хубе ба даст оварданд. Ин бор аз се тир ду тирҳояшон ба ҳадаф расид.

Нерӯҳои зиреҳии Тоҷикистон севум бор дар "Биатлони танкӣ" ширкат мекунанд

Дастаи Кувайт дар бахши тирандозӣ натиҷаи хубе ба даст наоварданд. Ҳеҷ як тирҳояшон ба ҳадаф нарасид.

Сипас танкронҳои тоҷик монеъаҳои дигарро паси сар карда, ба ҷои муқарраршуда тонкашонро расонданд.

Бо истиқболи гарми тамошобинон дастаи Тоҷикистон сабқатро ба анҷом расонд.

Ёдрас мешавем, ки сабқати байналмилалии бозиҳои низомӣ рӯзи 3 августи оғоз ёфта то 17 август идома хоҳад ёфт.