Сафири ИМА дар Русия истеъфо дод

Ҷон Хантсман сафири ИМА дар Русия аз вазифааш истеъфо дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Русия, Ҷон Хантсман аз симаташ истеъфо дод.

Дар ин бора, нашриёти Salt Lake Tribune хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Ҷон Хантсман аризаи истеъфояшро ҳанӯз рӯзи 5 август навишта буд.

Номаи истеъфо, субҳи рӯзи сешанбе ба президенти ИМА Доналд Трамп равон карда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, сафир ба президенти ИМА Доналд Трамп гуфтааст, ки пас аз фаъолияти дусолаи худ дар Русия, мехоҳад ба ватанаш бозгардад.

Ҷон Хантсман 3 октябри соли 2017 сафири ИМА дар Русия таъйин шуда буд.