Бонки миллӣ ба ташкилоти “Суғуртаи аввалини миллӣ” иҷозатномаи нав пешниҳод кард

Раёсати Бонки милии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян, то 2-юми июни соли 2021 иҷозатномаи нав пешниҳод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст, ки Раёсати Бонк бинобар сабаби тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” ва иваз шудани маҳалли ҷойгиршавии он то 2-юми июни соли 2021 иҷозатномаи нав додааст.

Бонки миллӣ иҷозатномаи ширкати аудитории “Шарқ Аудит”-ро тамдид накард

“Раёсати Бонки миллӣ мутобиқи банди 1 моддаи 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, банди 1 боби 10 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият қарори навбатиро аз 5 августи соли 2019, таҳти № 88 ба тасвиб расонид, ки тибқи он бинобар сабаби тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъиятӣ ва иваз шудани маҳалли ҷойгиршавии он, ба Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” Иҷозатнома ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 2-юми июни соли 2021 дода шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонки миллӣ қайд намуданд, ки мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи ҶДММ Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” аз 2 июни соли 2016, аз эътибор соқит дониста шуд.

Раёсати Бонки миллӣ Идораи назорати суғуртавиио уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта доир ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.