Усмонов: Раҳмон Набиев натавонист муносибати худро бо аҳзоби сиёсӣ муайян намояд – идома

Тағйироти тобистони соли 1991 таваҷҷуҳи ҷонибҳои рақибро ба Раҳмон Набиев ҷалб кард, дар ин зимн ӯ ба лагери коммунистӣ пайваст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Талабшоҳи Салом. Моҳи марти соли 1990 моддае, ки яккаҳукмрониро ба ҲК иҷоза дода буд, аз Қонуни Асосии ИҶШС  ҳазф гашт ва зимнан заминаи қонунии таъсиси аҳзоби ғайрикуммунистӣ дар Тоҷикистон фароҳам шуда буд, вале зоҳиран элитаи ҳукмрон ин гуна аҳзобро намехост.

Оғози мухолифати идеологӣ. Раҳмон Набиев ба лагери коммунистӣ пайваст

Ин гуна иқдомот дар баробари воқеаҳои февралии соли 1990 ва ГКЧП ба Раҳмон Набиев имкон медод, ки ҳарду ҷиноҳ, ҳам коммунистон ва демократҳову исломиҳо ӯро тарафдорӣ намоянд. Вале чаро то интихоботи соли 1991 мухолифин аз Раҳмон Набиев рӯ гардонданд ва Давлат Худоназаровро номзади худ баргузиданд? Тағйири чунин як вазъ дар пайи аз мансаб дур кардани Қадриддин Аслонов падид омад.

Раҳмон Набиев - раисҷумҳуре, ки як бор интихоб шуд, аммо ду бор "истеъфо" дод

То замони баркандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии шаҳри Душанбе муносибати мухолифин нисбат ба Раҳмон Набиев дигар буд. Вале 21 сентябри соли 1991 Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон бо пайравӣ аз Маскав Фармон “Дар бораи манъи фаъолияти ҲКТ ва миллӣ кунонидани моликияти он”-ро имзо кард. Ҳамзамон бо қарори раиси вақти шаҳри Душанбе ҳайкали Ленин аз майдони марказии шаҳр бардошта шуд. Барандозии ҳайкали Ленин ва ҳукуматӣ кардани моликияти ҲК, ки дар Тоҷикистон ин раванд аз шаҳри Душанбе, маркази ҷумҳурӣ оғоз ёфт, коммунистонро ба хашм овард.

Ҳамин тариқ 23-юми сентябр иҷлосияи 13-уми фавқулоддаи Шӯрои Олии Тоҷикистон даъват шуд, ки дар он Қадриддин Аслонов ва Мақсуд Икромов зери фишор қарор гирифта, аввалӣ истеъфо дод. Дар робита ба барандозии ҳайкали Ленин ва  Мақсуд Икромов бошад, Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, додситони кулли Тоҷикистон эълом кард, ки парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва вакилон иҷозат диҳанд, то Мақсуд Икромовро боздошт намояд. Вале додситони кул натавонист Мақсуд Икромовро боздошт намояд. Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласаи фавқуллода матраҳ буд, интихоби раиси Шӯрои Олӣ маҳсуб мешуд. Ин дар ҳоле буд, ки Шӯрои Олӣ ва раёсати он шадидан зери таъсири коммунистон монда буд ва дар ҳалли масъалаҳое, ки файсалаи он ба уҳдаи Раёсати Шӯрои Олӣ буд, касоне дахолат мекарданд, ки ин салоҳиятро надоштанд.

Ба гунаи мисол, ба навиштаи Аслиддин Соҳбназаров, нафароне чун Шодӣ Шабдолов, Адолат Раҳмонова, Нарзуллоҳ Дӯстов ва Холмурод Шарипов дар ин ҷаласа ширкат мекарданд, ҳол он ки эшон ҳаққи ширкат дар он ҷаласаро надоштанд. Ҳатто гуфта мешавад, баъзе аз тазоҳургарони коммунист вориди иҷлосияи парлумон шуда, ба ҷараёни он фишор оварданд.

Супоришҳои Аҳмадзода ба масъулини иттиҳодияи илмии Раҳмон Набиев

Дар чунин ҳол Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода бо ёдоварӣ аз ҷаласаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва гуфтугӯяш бо Раҳмон Набиев, ки коммунистон номзадии ӯро ба раисии Шӯрои Олӣ пешниҳод карда буданд, менависад: “Раҳмон Набиевич! Ман ҳам ба гирифтани муҷассама розӣ набудам. Аммо кори шудагӣ шуд. Ҳоло гӯед, ки ин ҷо чӣ мегузарад? Шунидам, ки коммунистҳо Шуморо ба ҷойи Аслонов Раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданианд. Илтимос, ба ин фитна розӣ нашавед. Бе ин ҳам Шумо баъд аз як моҳ бо ҳафтод фоизи овозҳо раисҷумҳур интихоб хоҳед шуд. Илтиҷо мекунам, ин мансабро ҳамчун трамплин (зинапоя) истифода накунед. Коммунистҳо чораи дигар надоранд, зеро имрӯз лидери ягона ҳам надоранд ва дар ин як моҳи то интихобот лидер тайёр карда наметавонанд, хоҳ ‐ нохоҳ маҷбуранд, ба Шумо овоз диҳанд.

Раҳмон Набиев бо ҷуссаи бузургашон ба ҷониби ман баргаштанд, вале ба замин нигоҳ карда мисли хиҷолаткашидае изҳор намуданд:

‐Ҳоҷӣ Акбар! Ман розӣ нашудам. Шаб Ваҳҳоб Воҳидов, Шарофат Усмонова ба хона омада буданд. Ҳамин пешниҳода карданд, лекин ман розӣ нашудам. Мумкин Сафаралиро (Кенҷаев) пешниҳод кунанд”.

‐ Аз Шумо бисёр илтимосу хоҳиш дорам, як кори хайр кунед, кӯшиш кунед, ки Аслоновро аз вазифааш нагиранд. Фитна зиёд мешавад. Ду рӯз пеш мардуми бисёре дар майдон қасам хӯрданд, ки иҷозат намедиҳанд ба пои Аслонов хоре халад.

‐ Наметавонам, коммунистҳо сахт хафа шудагӣ, Партияро манъ кардааст, идораҳояшонро бастааст, моликияташонро давлатӣ кардааст, ҳеҷ мумкин нест, наметавонам. (Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, “Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо....”, саҳ. 16-17).

Усмонов: Раҳмон Набиев натавонист муносибати худро бо аҳзоби сиёсӣ муайян намояд – идома

Карим Абдулов ҳам, ки яке аз ҷонибдорони Раҳмон Набиев маҳсуб мешуд, зидди ба раёсати Шӯрои Олӣ расидани ӯ буд. Ӯ дар ин бора дар саҳифаи 33-и “Роҳи беҳбуд” менависад: “Намедонам кӣ буд, нафаре пешниҳод кард, ки хуб мешуд, раиси шӯро Раҳмон Набиевичро пешбарӣ кунем. Мо, як гурӯҳ фаъолони штаб, шахсан банда аз Раҳмон Набиевич илтимос кардем, мабодо розӣ нашаванд. Бечуну чаро раисҷумҳур интихоб мешавед, агар ин кор (раёсати Шӯрои Олӣ – Т.С.)-ро ба уҳда гиред, вазъият мураккаб мешавад... Муҳтарам Навбиев қатъиян гуфтанд, ки “розӣ намешавам”.

Бояд гуфт, тазоҳуроти коммунистон, ки рӯзи 23-юми сенябр баргузор гашт, алайҳи Қадриддин Аслонов ва Мақсуд Икромов буд. Баргузор шудани ин тазоҳурот 21-уми сентябр дар анҷумани ҲКТ дар Донишкадаи кишоварзӣ маслиҳат шуда буд. Коммунистон аввалан ба хулосае омаданд, ки ин тазоҳуротро Шодӣ Шабдолов сарварӣ кунад, вале баъдтар ба далели ин ки ӯ раиси тозаинтихоби ҲКТ аст ва дар ҷомеа матраҳ нашудааст, гардонандагии ин гирдиҳамоиро ба уҳдаи Ваҳҳоб Воҳидов, вазири кишоварзии вақт гузоштанд. Ин тазоҳуроти коммунистон, ки барои баргузорияш бояд иҷозаи шаҳрдориро мегирифтанд, Мақсуд Икромов ташаббускоронро фиреб кард ва барои баргузории он иҷозат надод. Бо вуҷуд дар зимни ин гирдиҳамоӣ ҳатто талаб мекарданд, Қадриддин Аслонов ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раҳмон гуфт хисороти ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бештар буд

Бо таваҷҷуҳ ба он ки дар ин гирдиҳамоӣ Ваҳҳоб Воҳидов ба ҳайси сарвар таъйин гашт, далолати мантиқ бар он аст, ки ба даст овардани ризояти Раҳмон Набиев ҷиҳати пайвастан ба лагери коммунистӣ низ ба уҳдаи ӯ будааст. Ва дар ин росто назари Ҳ. А. Тӯраҷонзода дар робита ба он ки коммунистон дар як муддати кутоҳ наметавонад сарвар омода кунанд, дуруст баромад. Ба ҳамин тартиб, ба навиштаи Ҳ. А. Тӯраҷонзода, Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев номзадии Раҳмон Набиевро пешниҳод кард ва Ваҳҳоб Воҳидов бо ташвиқи намояндагони мардумӣ даъват кард, то Раҳмон Набиев ба раёсати Шӯрои Олӣ бирасад. Ҳол он ки ба қавли Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қаблан Раҳмон Набиев Ваҳҳоб Воҳидовро аз қабили он нафароне медонист, ки аз ӯ хӯса  метарошиданд. Ба ҳар ҳол 23-юми сентябр коммунистон ба ҳадафҳои худ ноил гаштанд.

Дар ин ҷаласа Қадриддин Аслонов истеъфо дод, Раҳмон Набиев, раиси Шӯрои Олӣ интихоб ва дар Душанбе вазъияти фавқулодда эълом шуд. Баъди ба истеъфо рафтани Қадриддин Аслонов Раҳмон Набиев тағйир ёфт. Бинобар ин Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода менависад, ки расман аз ситоди интихоботии ӯ канор рафт. Дар зимн метавон гуфт, бо рӯ гардонидани Раҳмон Набиев аз мухолифин на танҳо Ҳ. А. Тӯраҷонзода, балки дигар нерӯҳои мухолифи ҳукумати вақт ҳам аз ӯ рӯ тофтанд, зеро эшон бовар доштанд, ки Қ. Аслонов дар мансабаш ҳифз мешавад. Ба ибораи дигар “аз ҳамон рӯз сар карда, муборизаи рӯйирост муқобили Р. Набиев, аз тарафи Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ, созмонҳои “Растохез”, “Лаъли Бадахшон” сар шуд...”(Карим Абдулов, “Роҳи беҳбуд”, саҳ. 33).  

Ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон чӣ мерос гузошт?

Мавзеъгирии ахири Раҳмон Набиев на танҳо нерӯҳои сиёсии ҷонибдорашро аз ӯ дур кард, балки адибону рӯзноманигороне низ аз ӯ дур шуданд ва мавзеи онҳо дар робита ба Р. Набиев тағйир ёфт. Вале ба назари Карим Абдулов, бо вуҷуди афзудани теъдоди мухолифини Р. Набиев ҷонибдорони ӯ низ дар ҳоли афзоиш буданд.

Бо вуҷуди ин рақобати нерӯҳои  сиёсӣ суръат мегирифт ва мухолифин низ пас аз истеъфои Қадриддин Аслонов муборизаро ҷиддӣ гирифтанд. Ба унвони мисол, вазъи фавқулоддае, ки дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ эълом шуд, бояд то моҳи январи соли 1992 боқӣ мемонд, аммо баъд аз он ки нерӯҳои коммунистӣ ба гирдиҳамоии худ поён бахшиданд, гирдиҳамоии нерӯҳои демократӣ, ки дар он вақт баъзе нерӯҳои сиёсии Русия аз онҳо ҳимоят мекарданд, оғоз ёфт. Ин гирдиҳамоӣ то 7 октябри соли 1991 идома дошт.

Раҳмон Набиев ва командаи ӯ зери фишори намояндагони Русия маҷбур шуданд, талаби тазоҳургаронро бипазиранд. 5 октябри соли 1991 дар иҷлоси Шӯрои Олӣ вазъи фавқуллода бекор шуд, ваколати Раҳмон Набиев то анҷоми маъракаҳои пешазинтихоботии раёсатҷумҳурӣ қатъ гашт, фаъолияти ҲКТ то анҷоми тафтишоти Додситонии ИҶШС мамнӯъ дониста шуд ва ҲНИТ(мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро расман иҷозаи фаъолият доданд.

Расонаҳо: пешниҳод аст, ки Горбачевро хоини ватан эълом кунанд

Зимнан тазоҳургарон уҳдадор шуданд, ки то баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ таҷаммуъ накунанд. Ин гуна тағйири вазъро дар Тоҷикистон муҳаққиқон шикасти ҲКТ унвон кардаанд. Бо вуҷуди он ки иддае аз муҳаққиқон ҲКТ-ро дар ин марҳала шикастхӯрда унвон кардаанд, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар 24-уми ноябри соли 1991 Раҳмон Набиев чун намояндаи Ҳизби коммунистӣ пирӯз шуд.

Вале ба андешаи Иброҳим Усмонов, ӯ “натавонист муносибати худро бо аҳзоби сиёсӣ муайян намояд. Дуруст аст, ки ӯ ба андешаҳои Ҳизби коммунист муътақид буд, аммо бо сабаби буҳрони сиёсие, ки мамлакати шӯроҳоро фаро гирифт, наметавонист узви ҳизб бошад ва бо он ҳамкорӣ кунад... Биноан баъди раисҷумҳур интихоб шудани Раҳмон Набиев дар Душанбе ду ҳокимият буд: ҳукумати президент ва ҳукумати раиси шаҳр. Ё шояд дар Душанбе ҳеҷ гуна ҳукумат набуд (Бӯрӣ Карим, “Фарёди солҳо”, саҳ. 368-369).

Идома дорад...