ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Сито Қосимӣ ва вазири маорифи Афғонистон Мирвайс Балхӣ 3-юми августи соли ҷорӣ дар ин хусус қарордод ба имзо расонидаанд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон бо такя ба Вазорати маорифи афғонистон хабар медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ, овозхон аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ барои бунёди як мактаби наву замонавӣ барои духтарони афғон 100 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардааст.
Мирвайс Балхӣ ба овозхон изҳори сипос карда, дигар ашхоси машҳурро низ ба ин кор ҷалб кардааст, то аз чунин иқдомҳои нек дастгирӣ кунанд.
Пас аз бунёди мактаб хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки аз синфи як то дувоздаҳ таҳсил намоянд. Қарор аст, мактаби бунёдшаванда ба яке аз бузургтарин муассисаҳои таълимӣ табдил дода шавад.
Сито Қосимӣ имсол дар остонаи ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омада, дар базми наврӯзӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, ҳунарнамоӣ кард. Ӯ суруди "Бисёр қашанг"-ро пешкаши ҳаводоронаш кард, ки аз ҷониби мардуми тоҷик хуш пазируфта шуд.
Пештар ҳунарманди афғон гуфта буд, орзу дорад, кишвараш мисли Тоҷикистон пур аз хушиву дур аз ғамҳо бошад ва умед мекунад, ки рӯзе Афғонистон сулҳ ба даст меорад.