Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон, ки аввали моҳи равон то 0.1510 сомониро ташкил медод, дар оғози ҳафтаи нав поин рафтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1445 то  0.1485 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ин нишондод дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон  аз 0.1486  то  0.1510 сомонӣ буд.

Валиев сабаби вазъи мураккаби бозори асъор ва омилҳои фишор ба қурби сомониро гуфт

Бар асоси иттилоияи Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 доллари нақд дар муассиcаҳои молиявии Тоҷикистон аз 9.4398  то 9.4400 сомониро ташкил медиҳад. Аммо харидорони доллар мегӯянд, бо ин қурб пайдо кардани доллар дар кишвар тақрибан ғайриимкон мебошад.

Манбаъ арзиши фурӯши 1 евроро дар бозори нақди имрӯз аз 10. 4791  то  10.7500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби расмиро имрӯз барои 1 доллар - 9.4398  сомонӣ, 1 евро - 10. 4791 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  - 0.1445  сомонӣ муқаррар кардааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".