Аҳмадзода: нархи фурӯши маҳсулотро арзон кунед, то дастархони идонаи мардум таъмин шавад

Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои кишоварзии вилоят маҷмуъан беш аз 150 тонна маҳсулот пешкаш намуда буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Субҳи имрӯз бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ва Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ, обҳои ташнашикан ва дигар ниёзи аввалия ба муносибати Иди саиди Қурбон дар майдони паҳлӯи театри Камоли Хуҷандӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Маҳсулоти арзон: дар Хуҷанд бахшида ба моҳи Рамазон ярмарка баргузор шуд

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон вай таъкид кард, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 10-20 фисад арзон бошад.

Раиси вилояти Суғд ба ба масъулин дастур дод, ки дастархони идонаи мардум бояд бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.

“Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ, обҳои ташнашикан ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи Иди саиди Қурбон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони алвони идонаи мардум сурат гирифта, минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ ташкил карда мешавад. Ҳамзамон ба муносибати Иди саиди Қурбон ба 20 ҳазор нафар оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманди шаҳру навоҳии вилоят кӯмаки яквақттаинаи маводи аввали озуқа расонида мешавад”, - гуфт Аҳмадзода.

Ярмарка фурӯши маҳсулот дар Масчо

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ярмарка нархи як халта орди 50 килоӣ 150 сомонӣ, як кило гӯшти гӯсфанд ва гов 38 сомонӣ, як кило гӯшти мурғ 20 сомонӣ, як кило биринҷ 9 сомонӣ, як кило картошка 1 сомонӣ, як кило сабзӣ 2 сомонӣ, як кило пиёз 2 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд.

Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои кишоварзии вилоят маҷмуъан беш аз 150 тонна маҳсулот пешкаш намуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд муроҷиати як зани камбизоти шаҳри Хуҷанд Тӯхтаҷон Файзиеваро, ки азми тӯйи хонадоршавии писарашро намудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ба номбурда 100 кило биринҷ, 40 кило равған, 40 кило гӯшт ва ҳамин миқдор картошкаю сабзӣ ва меваҷот харидорӣ ва тӯёна намуд.