"Сомон Эйр": 3750 зоирин аз Тоҷикистон ба Ҷидда таҳвил ёфтанд

Ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" аз замони шурӯъ шудани мавсими Ҳаҷ, наздики 3750 зоирини тоҷикро барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ интиқол додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" марҳалаи аввали барномаи Ҳаҷ- 2019 ба анҷом расид.

Куҳансолтарин ҳоҷии сол вориди Макка шуд

Тариқи ширкати ҳавонавардии мазкур барои зиёрати макони муқаддас ҳудуди 3750 нафар зоирин аз Тоҷикистон тахвил ёфтанд.

Дар Тоҷикистон талабгорони Ҳаҷ коҳиш ёфтаст, сабаб дар чӣ бошад?

Бар хабари манбаъ, ширкати мазкур парвозҳоро аз се шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб анҷом дода буд.

Парвози нахустини зоирини тоҷик тариқи ширкати мазкур 22- юми июли соли равон оғоз ёфта, охирин парвоз 2–юми август сурат гирифта буд.

Муҳаммадзода ба ҳоҷиён: ҳангоми ҳаҷ расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷикро фаромӯш накунед

Ҳамин тариқ манбаъ қайд намуд, ки ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр"  дар маҷмӯъ 24 парвозро дар самти Душанбе- Ҷидда амалӣ намуда, 3 парвоз аз шаҳри Хуҷанд, 2 парвоз ва шаҳри Кӯлоб ва боқимонда 19 парвози дигар аз шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Интизор меравад, марҳалаи дуввуми барномаи Ҳаҷ- 2019, яъне бозгашти зоирин аз Арабистони Саудӣ аз 21- уми август шурӯъ шавад.