ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Вазир ҳафтаи равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, суръати афзоиш истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба як соли пеш 112,5 дарсадро ташкил медиҳад.
“Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,6 дарсад ба саноати коркард, 23,8 — электроэнергетика ва 19,6 дарсад ба саноати истихроҷ рост меояд”, - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Файзуллозода.
Вазир инчунин тавлиди маҳсулоти нави саноатӣ тайи шаш моҳи соли ҷорӣ, аз қабили лак, хокаи санг, қолаби зарфҳои пластикӣ, фаршҳои резинӣ, сангчаҳои резинӣ, панҷараи зина аз мармар ва сангҳои ороишӣ барои фасади бино хабар дод.
Ба иттилои Файзуллозода инчунин дар шаш моҳи аввали соли 2019-ум 146 корхона ва коргоҳи нав бо 1864 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд ва шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 2136 ададро ташкил дод.
Инчунин тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар давоми шаш моҳ 181 корхона ва коргоҳи саноатӣ аз фаъолият мондааст.
Масъулин сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳоро ба таъсири омилҳои берунӣ, нарасидани ашёи хому маблағ, тамдид нашудани муҳлати иҷозатнома, мавсимӣ будани фаъолият, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, рақобат карда натавонистан, иваз намудани самти фаъолияту баҳсҳои амволӣ ва бе омӯзиши бозори дохиливу хориҷӣ, бе хулосаи мутахассисон таъсис додани корхонаву коргоҳ рабт доданд.