Ректор: хатмкардаҳои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар Исроил, Аврупою Амрико кор мекунанд

Маҳамадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, хатмкунандагони ин муассиса дар 42 давлати дунё кор мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Гулзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод, ки хатмкардаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷумла дар Русия, ИМА, Канада, Олмон, Швейтсария, Италия, Англия, Белгия, Исроил, Австрия, Туркия, Яман, давлатҳои Африко ва ғайра кор мекунанду обрӯю нуфузи давлату миллатро баланд мебардоранд.

Зери назорати президент: профессори олмонӣ барои табобати Осияи 6-сола омад-акс

Дар донишгоҳ 3 академик, 5 узви вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 85 доктори илм, профессор, 234 номзади илм ва 317 муаллими калон ва ассистент фаъолият доранд, хабар додааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Гулзода.

Ӯ таъкид кардааст, ки қабули имтиҳону санҷишҳо ва баҳодиҳӣ ба дониши муҳасиллин дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ аз тариқи барномаҳои компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаффофиятро таъмин менамояд.

Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи тиббӣ, таҳлили натиҷаи сессияҳо нишон дод, ки дар маҷмӯъ сатҳи донишандӯзии донишҷӯён беҳтар шуда, дараҷаи дарсазхудкунӣ 81,2 фоизро ташкил додааст.

Манбаъ афзуд, ки дар соли таҳсили 2018-2019-ум 99,7 фоизи хатмкунандагон имтиҳонҳоро бомуваффақият супориданд ва донишгоҳро 1556 нафар, аз ҷумла, 64 нафар бо дипломи аъло, 211 кас тибқи Квотаи президентӣ ва 123 донишҷӯи хориҷӣ аз 7 мамлакати дунё хатм намуданд.