Қадрдонии вазир бо мукофоти пулӣ аз Мадина ва Манучеҳр - акс

Мактаббачагон барои муаррифии санъати тоҷик дар чорабинии байналмилалӣ ва пирӯзӣ дар ҷашнвора қадрдонӣ шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаббачагони тоҷикро қадрдонӣ кард.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, рӯзи 31 июли соли равон бо фармоиши вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода  Шарипова Мадина ва Манучеҳри Умедҷон бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Қадрдонии вазир бо мукофоти пулӣ аз Мадина ва Манучеҳр - акс

Гуфта мешавад, ки мактаббачагон барои муаррифии санъати мусиқии тоҷик дар чорабинии байналмилалӣ ва ғолибият дар фестивали мазкур бо мукофотқадрдонӣ шудаанд.

Баҳои баланди доварони рус ба ҳунари наврасони тоҷик - акс

Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз Меҳрона Ғайбуллоева ва Чоршанбе Аловатов

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Карелияи Федератсияи Русия Ҷашнвора-озмуни байналхалқии "Онежские волны" баргузор гардид.

Баҳои баланди доварони рус ба ҳунари наврасони тоҷик - акс

Ҷумхурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфуз ду нафар хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев, Шарипова Мадина ва Манучеҳри Умедҷон зери роҳбарии устод Шарипова Хосият муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи аввал ва медалу ифтихорномаҳо гариданд.

Қадрдонии вазир бо мукофоти пулӣ аз Мадина ва Манучеҳр - акс