Сӯхтори мудҳиш дар маркази Маскав - Видео

Дар маркази шаҳри Маскав сӯхтори мудҳиш ба амал омад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Сохтмони чорошёна дар маркази пойтахти Русия, шаҳри Маскав ба коми оташ рафт. Майдони сӯхтор ҳамоно васеъ шуда истодааст.

Сӯхторро бригадаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хомӯш карда истодаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии КҲФ.

Гуфта мешавад, ки сохтмон, иншооти саноатӣ буда дар кӯчаи Дубинскийи шаҳри Маскав воқеъ аст. Аз болои сохтмон дуди ғавс ба ҳаво мебарояд.

Маҷмааи "Истиқлол"-и Хуҷанд пас аз сӯхтор: сабаби эҳтимолӣ маълум шуд - акс

Ба ҷои ҳодиса 17 адад мошини оташнишонӣ равон карда шудааст. Дар бораи ҳузури мардум дар дохили бино хабар дода нашудааст.

Майдони сӯхтор то 2 ҳазор метри мураббаъ паҳн шудааст. Барои хомӯш кардани оташ чархбол сафарбар гардидааст.

Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Маскав хабар медиҳад, ки дар паи чаппа шудани қисме аз сохтмон як оташнишон аз пояш захмӣ шудааст.

Барои таҳдиди чаппа шудани қисмҳои дигари сохтмон, ҳамаи оташнишонон аз дохили бино берун оварда шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷои ҳодиса 80 оташнишон фаъол ҳастанд.