ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 1-уми августи соли равон соати 05:10- дақиқа рух додааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Валиев Беҳзоди 47- сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ аз уҳдаи идораи автомашина набаромад.
Ду садамаи маргбор: ронандаи маст шабона дучархаронро зер кард
гуфта мешавад ронандаи мазкур дар ҳудуди мавзеи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин автомашинаро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст.
Ба иттилои ВУД, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш ронандаи автомашинаи мазкур Валиев ва мусофирони дар дохили автомашина буда шаҳрвандон: Асоев Садриддин, сокини деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ, Қурбонова Инграи 22- сола, сокини шаҳри Душанбе, Асоев Айшам ва Асоева Зифмо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Садамаи маргбор: ронандаи "Тайота Раф – 4" ба ҳалокат расид
Ба иттилои мақомоти умури дохилаӣ феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ бар асари чаппа шудани мошинин дар роҳи Ишкошими ВМКБ 4 нафар мусофир ҷони худро аз даст дода буданд.