Модари сайёҳи амрикоӣ, ки порсол дар Хатлон кушта шуд, даъватномаи Тоҷикистонро рад кард

Ҳукумати Тоҷикистон ба модари сайёҳи амрикоӣ, ки дар Хатлон ба таври ваҳшиёна аз ҷониби террористон кушта шуда буд, даъватнома ирсол намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Модари Ҷей Остин сайёҳи амрикоӣ, ки соли гузашта аз дасти террористони гурӯҳи ДОИШ дар Хатлон кушта шуда буд, даъвати ҳукумати ин кишвар барои боздид намудан аз Тоҷикистонро рад кардааст.

Сипосгузории Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони Данғара барои кӯмак дар ошкори ҳамла ба сайёҳон

Дар ин бора вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар додаст.

Ради даъвати Тоҷикистон аз суйи ин модари амрикоӣ дар ҳолест, ки моҳи январи соли равон худашон аз ҳукумати ин кишвар дархост намуда буданд, то  ба ӯ иҷозат диҳанд  аз маконе, ки писараш кушта шуда буд, боздид намояд.

Зимнан даъват намуд, ки тамоми хароҷоти роҳро низ Тоҷикистон ба зимма худ бигирад.

"Мо хонум Остинро барои боздид аз Тоҷикистон даъват кардем ва изҳор намудем, ки тамоми хароҷоти вобаста ба будубош дар Тоҷикистонро ҳукумати кишвар ба зимма мегирад. Вале ин хонум даъвати моро бо дарназардошти бад будани вазъи саломатияш рад намуд",- изҳор дошт Муҳиддинов.

 Зимнан вазири тоҷик илова кард, ки феълан дар қонунгузории Тоҷикистон санаде дар мавриди пардохти ҷуброн ба хешовандони сайёҳон, ки аз дасти террористон  кушта шуданд мавҷуд нест.

"Масъалаи пардохт намудани ҷубронпулӣ ба хонум Остин мақомоти судӣ метавонанд ҳал кунанд",-  илова намуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҷавонмардии раиси гумруки Душанбе дар ҳодисаи хунини куштори сайёҳон дар Данғара

Ёдовар мешавем, ки санаи 29-уми июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи террористони гуруҳи ДОИШ ба мошинашон пахш гардида буданд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 сайёҳи хориҷӣ дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Данғара ба ҳалокат расиданд.