КҲФ: дар ду рӯз ҳафт нафар аз ғарқшавӣ дар рӯди Сир наҷот ёфтанд

Ҳодисаи ғарқшавии навбатии сокинон дар Сирдарёи вилояти Суғд дирӯз 1- уми август рух додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Кумиати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои пайдар ҳам ҳамоно ҳолатҳои ғарқшавии сокинон аз руйи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ қариб ҳамарӯза рух медиҳад.

Наҷотдиҳандагон чаҳор ҷавонро аз Сирдарё берун оварданд

Бар хабари манбаъ, дирӯз гурӯҳҳои наҷот дар вилояти Суғд се нафар сокинонро аз ғарқшавӣ дар рӯди Сир наҷот доданд.

Наҷотдиҳандагон дар Суғд панҷ нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Манбаъ мегӯяд, наҷотдиҳандагон ду сокини шаҳри Гулистон ва як сокини шаҳри Душанберо, ки дар соҳили рӯди Сир истироҳат мекарданд, аз марг наҷот диҳанд.

Танҳо зарфи ду рӯзи охир наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодди Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷони ҳафт нафарро аз мавҷи дарёи Сир наҷот доданд.

Ҷавоне дар талоши наҷоти дӯсташ ҷон дод: афзоиши қурбониёни шиноварӣ дар Тоҷикистон

Тибқи хабар ин се нафар ҳам дар макони мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекарданд ва аз надонистани қоидаҳои бехатарӣ қариб буд ғарқ шаванд.

Гуфта мешавад афродро то ба соҳил солим расонданд ва баъди аввалин ёрии тиббӣ онҳо дигар ниёзе ба бистарӣ шуданд дар бемористон надоштанд.

Маврид ба зикр аст, давоми ҳафт моҳи охири соли равон дар рӯду кулҳои Тоҷикистон наздики 93 нафар ғарқ шудаанд.