Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Нигаронии вазир аз "барбод" рафтани талоши 17-солаи Тоҷикистон дар марз

Вазири корҳои хориҷӣ аз барбод рафтани талоши чандинсолаи Тоҷикистон барои аломатгузории марз бо Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз иҷро нашудани қарордодҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ нигарон аст.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, масъалаи аломатгузории марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон таърихи тӯлонӣ дорад ва 17 сол боз дар ин росто комиссияи муштарак кор мебарад.

Вазир гуфт, кӣ мехоҳад вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ноором кунад

"Барои Тоҷикистон муҳим ин аст, ки ҳамаи музокироти оянда ва барраси масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар асоси санадҳои ҳуқуқие, ки қаблан имзо ва тасдиқшудаанд, сурат гирад", - гуфт вазир.

Вазир гуфт, кӣ мехоҳад вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ноором кунад

Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон барои аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон 17 сол боз талош дорад ва дар ин росто, хароҷоти зиёде кардааст.

Пеш аз сафари Раҳмон: талоши Муҳриддин барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон

"Мо нигарон ҳастем, ки ҳамаи дастовардҳо ва хароҷоте, ки қаблан шуд ба асос гирифта шаванд", - таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.

Мулоқоти таърихӣ: котиботи Раҳмон гуфт, анҷоми баҳси марзӣ наздик аст

Пас аз пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ, масъалаи тақсими марз ба яке аз проблемаҳои умдаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт.

Баъзе аз навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон, ки шимоли ин  кишвар маҳсуб мешавад бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, вале хатти марз, барои сокинони ин ду кишвар то ба имрӯз муайяну мушахас нашудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди  970 километр марзи муштарак доранд, ки 50 % и он ҳанӯз  аломатгузорӣ нашудааст. Чунин номуайянӣ ба низову бархурдҳо миёни сокинони оддӣ ва сарҳадбонони ин ҷумҳуриҳо боис мешавад.