Кишварҳои Халиҷи Форс ва Тоҷикистон бар зидди ифротгароӣ мубориза мебаранд

Тоҷикистону арабистони саудӣ зидди ифротгароӣ якҷо муроиза хоҳанд бурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Рӯзи 31 июл, сафири  Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс Абдуллатиф ибни Рошид аз-Заёнӣ мулоқот кардааст.

Ҷонибдории Тоҷикистон аз номзадии подшоҳи Арабистони Саудӣ: мудири ИСЕСКО шавад

Бино ба гузориши ВУХ, дар вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шудаанд.

Тоҷикистон аз роҳи Афғонистон ба халиҷи Форс мерасад

"Таваҷҷуҳи зиёд ба тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ зоҳир гардид", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Арабистони Саудӣ рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ситораҳои эстрадаи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

Ин масъаларо дар шаҳри Риёз сафири Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури дипломатияи умумӣ  Сауд ибни Солеҳ Котиб баррасӣ кард.