ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Масоили сафари қарибулвуқӯи раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистонро сарвазирони ду кишвар Абдулло Орипов ва Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дар ҳоли ҳозир баррасӣ доранд.
Бар хабари сомонаи РИА Новости , имрӯз сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов бо сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.
Дастури Мирзиёев барои ба маркази сайёҳии ҷаҳонӣ табдил додани Самарқанд
Гуфта мешавад, имрӯз дар шаҳри Бишкек ҷаласаи байниҳукуматии Узбакистону Қирғизистон баргузор мешавад.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи мазкур сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дидору мулоқот анҷом медиҳад.
Бародару ҳамсоя: Раҳмон ва Мирзиёев барои татбиқи тафовуқоти пешин талош мекунанд
Ба гуфтаи сарвазир Абилғозиев, алъон ҳамкориҳои дуҷонибаи Узбакистону Қирғизистон босуръат рушт меёбад.
Сарвазир далели рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро ба муносибатҳои дӯстонаи Мирзиёев ва Жээнбеков рабт дод.