Садамаи маргбор: пиёдагарди 7- сола ба ҳалокат расид

Дар роҳҳои Тоҷикистон ду садамаи маргборе рух додаст, ки боиси ба ҳалокат расидани ду нафар гардидаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додаст, садамаи маргбор рӯзи 30- юми июли дар ҳудуди деҳоти Ворухи ноҳияи исфара рух додааст.

Ду садамаи маргбор: ронандаи маст шабона дучархаронро зер кард

 Бино бар иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Шарифов Салоҳиддини 46- сола, сокини ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Ворух аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Орифзода Нозанини 7- сола,  сокини ҷамати деҳоти мазкурро пахш намудааст. 

Манбаъ қайд намудаст, ки дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Орифзода нозанин  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Садамаи маргбор: ронандаи "Тайота Раф – 4" ба ҳалокат расид

Инчунин тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июли соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Қобилов Даврони 30- сола, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Хуҷанд-Чанок", дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи "Шевролет-Кобелт", таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Узбакистон, Додобоев Азими 42- сола, сокини шаҳри Намангон, ки дар як самт ҳаракат мекарданд, бархӯрдаст.

ВУД: дар ду садамаи маргбор ду нафар ҷон бохтанд

Дар натиҷа автомашинаи мазкур ба тарафи чапи роҳ баромада, ба чуқурии тахминан 3-метр чаппа шудааст. 

Манбаъ зикр намудаст, ки дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Шевролет-Кобелт" Додобоев  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Мусофири автомашинаи мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Узбакистан Нурматов Алишери 46 сола, сокини шаҳри Намангон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар таҳқиқи ҳодисаҳоро давом доранд.