"Барқи Тоҷик": мо нархи барқро боло набурдаем

Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик", гуфт ширкат нархи барқро боло набурдааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик", имрӯз 31 июл дар нишасти хабарӣ, гуфт, кӣ нархи барқро боло бурдааст.

Бино ба гузориши Маҷидзода, имсол аз ҷониби Вазоратҳо ва ниҳодҳои дахлдори Ҳукумат барои арзёбии даромад ва хароҷоти ширкати "Барқи тоҷик" гурӯҳи вижаи корӣ ташкил шуд, ки дар паи таҳлилҳо хулосаи худро баровардааст.

Ба гуфти Маҷидзода, ин гурӯҳ тибқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ санҷиш гузаронида ба хулоса омадааст, ки  даромади ширкати "Барқи тоҷик" дар соли 2019 аз хароҷоташ камтар аст.

"Агар даромади "Барқи тоҷик" имсол 3,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, хароҷоташ беш аз 4 миллион арзёбӣ шудааст", - гуфт Рустам Маҷидзода.

Нархи тарофаи барқ дар Тоҷикистон боз боло меравад

Маҷидзода афзуд, барои рӯёнидани хароҷот, гурӯҳи корӣ пешниҳод кардааст, ки қиммати барқ боло бурда шавад.

Ёдрас мешавем, ки роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Назар Одиназода далели аслии боло бурдани нархи нерӯи барқ ва гармиро ба беҳтар кардани вазъи молиявии ширкати "Барқи тоҷик" рабт дод.

Ҳар моҳ 350-400 сомонӣ пули барқ месупорам: муроҷиатномаи декани донишгоҳ

Одиназода зимни нишасти хабарӣ зикр намуд, ки имрӯз вазъи молиявии ширкати "Барқи тоҷик" хуб набуда, беҳбудиро талаб мекунад. Аз ин рӯ аз 1 сентябри соли равон нархи неруи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад.

 

Одиназода зикр намуд, ки пас аз санҷиш доир ба  боло рафтани нархи неруи барқ, қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 22 июни соли равон қабул карда шуд.

Мувофиқи қароре, ки ҳукумати Тоҷикистон санаи 22 июни соли равон қабул намуда буд, аҳолии Тоҷикистон аз рӯзи аввали тирамоҳ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам минбаъд 22,66 дирам  маблағ пардохт мекунад.

Тарофаи нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон (ба ҷуз Ширкати алюминии точик) боло меравад.