ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса 29- уми июли соли равон тахминан соати 10:30 дақиқа рух додаст.
Бар хабари манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота Раф-4", Абдуғаффоров Ҷӯрабеки 72- сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира", ки таҳти идораи ронанда Саидов Сайдалии 55 сола, сокини шаҳри Душанбе қарор дошт, бархӯрдааст.
ВУД: дар ду садамаи маргбор ду нафар ҷон бохтанд
Ба иттилои ВУД, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Раф-4” Абдуғаффоров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Садамаи маргбор: ҳамсари ронанда ба ҳалокат расид
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар таҳқиқи ҳодисаро давом доранд.
Ёдовар мешавем, ки садамаи ахири пурқурбонитарин дар роҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ рух дода буд, ки 4 нафар кушта барҷой гузошт.
Садамаи пурқурбонӣ: “Хундай-голопер” бо мусофиронаш ба Панҷ чаппа шуд