Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз ҳазор мутахассис омода намуд

Аз авоили июн то охирҳои моҳи июли соли равон низомиёни Русия аз руйи 14 намуд ихтисос ҳарбиёни тоҷикро омӯзонда, тайёр намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik.  Низомиёни Русия аз  авоили соли ҷорӣ беш аз ҳазор мутахассисро барои артиши Тоҷикистон тамрин дода, омода намуданд.

Оғози тамринҳои низомии густурда бо иштироки ҳарбиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон

Дар  ин бора дафтари матбуоти округи марказии ҳарбии Русия хабар медиҳад.

Бар хабари манбаъ, давоми соли ҷорӣ Пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон наздики як ҳазор низомии тоҷикро тамрин додааст.

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия соли 2019 дар се тамрини низомии Тоҷикистон иштирок мекунанд

Гуфта мешавад тамрини низомиёни тоҷик аз  руйи 14 ихтисос аз моҳи июн то авохири июл давом ёфта буд.

Курси таълимӣ бо иҷрои машқҳои тирандозии назоратӣ аз яроқу аслиҳаи муқаррарии техникаи ҷангӣ, яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дар ду размоишгоҳ - Лоҳур ва Самбулӣ анҷом ёфта буд, менависад манбаъ.

Размоиши муштараки ҳарбии Тоҷикистону Чин дар ВМКБ

Зимнан кайд мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон имтиҳони тахассусиро бомуваффақият супориданд ва сазовор ба гирифтани сертификати ихтисоси дахлдор гардиданд.

Низомиёни Русия сарбозони Тоҷикистонро аз соли 2015 дар доираи Созишнома дар бораи ҳузури Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон таълим медиҳанд.

Ҳарбиёни Тоҷикистону Узбакистон тамрини муштарак мегузаронанд

Тибқи санади имзошуда, пойгоҳи 201- уми Русия то соли 2042 дар қаламрави  Тоҷикистон боқӣ мемонад.