Рӯди Зарафшон 100 метр роҳи мошингарди Айнӣ- Мастчоҳро масдуд намудаст

Бар асари гармои шадид сатҳи оби дарёи Зарафшон баланд шуда, 100 метр роҳи мошингарди байни ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳро хароб кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Бар хабари сомонаи Suqdnews, айни замон рафтуойи воситаи нақлиёт дар ҳамин фосилаи роҳ маҳдуд аст.

Дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳаҷми хисорот аз сел ҳисобида шуд

Манобеи мазкур аз  қавли сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербутаев хабар медиҳад, ки рафту омади сокинон низ  дар 24 километри ин роҳи мошингард муваққатан қатъ гардидааст.

Ҳушдор: дамои ҳаво дар Тоҷикистон то охири моҳ тафсон боқӣ мемонад

Ба иттилои шербутаев ҳодисаи мазкур санаи  27-уми июл рух додааст ва хушбахтона дар пай талафоти ҷонӣ надоштааст.

Куҳпораҳо роҳи Душанбе – Чаноқро бастанд - акс

Гуфта мешавад оби дарёи Зарафшон наздики 80 километр роҳҳоро шустааст. Ҳоло барои боз кардани роҳи муваққатӣ корҳо анҷом дода мешаванд ва дар ҷойи ҳодиса 7 адад техникаи Вазорати нақлиёт фаъолият доранд.

Шаби хатарнок: IRS роҳи Душанбе – Чаноқро баст

 Шербутаев гуфтааст, ки кӯшиш мекунанд, то дар рӯзҳои наздик ҳаракати нақлиётро миёни ин ду ноҳия барқарор кунанд.