ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Даври сеюми вохӯриҳо дар қаҳрамонии CAFA-2019 бо пирӯзии наврасони 16 солаи Тоҷикистон оғоз шуд.
Шогирдони Аҳлиддин Турдиев ҳамсолони худ аз Туркманистонро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст доданд. Дар ин рақобат Сунатулло Азизов (59), Муҳаммадворис Сайдалиев (67) ва Хусрав Тоҳиров (70+4) муаллифи голҳо шуданд.
Футболбозони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Арабистони Саудӣ сафар карданд
Ин ғалабаи дуюми футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии CAFA-2019 ба ҳисоб меравад.
Қаблан дастаи наврасони тоҷик бозиҳоро бо дастаҳои Ӯзбекистон (1:1) ва Қирғизистон (2:0) анҷом дода буданд.
Душанбе ва Ҳисор мизбони Қаҳрамонии CAFA-2019
Вохӯрии дигар миёни дастаҳои наврасону Қирғизистон бо ғалабаи Ӯзбекистон 2:3 ба анҷом расид.
Баъди дидори дуюми гуруҳ, ки Афғонистон бо ҳисоби 1:0 Эронро шикаст дод, дастаи наврасони Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз ба ҷойи аввал баромад.
Тими Тоҷикистон дар финал аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд - видео
Баъд аз анҷоми бозиҳои даври сеюм дастаи наврасони тоҷик дар гурӯҳ ба мақоми аввал баромад. Ҳоло дастпарварони Аҳлиддин Тӯрдиев бо афзалияти шумораи голҳои задашуда нисбат ба Афғонистон дар ҷойи аввал меистанд.