Нархи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон боз боло рафт

Дар Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон қиммати шартномаи таҳсил боз боло рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Имсол арзиши шартномаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 6 дарсад афзоиш ёфт.

Панҷ ҳазор доллар барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ: парванда зидди Ачилдиев ва Меликов

Дар ин бора ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ибрози назар намуд.

Ба гуфтаи Гулзода омили аслии қиммат шудани арзиши таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ, ин зиёд шудани теъдоди довталабон мебошад.

Имсол Донишгоҳи тиббиро 65 нафар бо дипломи аъло хатм кард

Маврид ба зикр аст, ки то ҳол нархи солонаи шартномаи таҳсил барои як нафар ҳудуди 10 ҳазор сомониро ташкил медод.

"Имсол 20 ҳазор хатмкунандагон, ки тариқи Марказ миллии тестӣ имтиҳон супоридаанд, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро интихоб намуданд. Аммо мувофиқи нақша соли ҷорӣ мо ҳамагӣ 1920 донишҷӯро қабул карда метавонем",- таъкид намуд ректори Донишгоҳи тиббӣ.

Зимнан хабар дода шуд, ки сафи довталабони хориҷӣ, ки Донишгоҳи тиббиро интихоб намудаанд  низ кам нест.

Баъди шикоят дар facebook: ҷаримаи табиби оянда барои дашноми зан дар кӯча

Феълан дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 1400 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 16 кишвари ҷаҳон таълим мегиранд. Нархи шартномаи таҳсили онҳо нисбат ба шаҳрвандони ватанӣ 2-3 маротиба бештар аст.