Аббясов гуфт тариқи квотаи Русия чанд муҳоҷирони тоҷик ба сафари Ҳаҷ мераванд

Роҳбари Идораи динии мусулмонони Русия Рушан Аббясов гуфт, ки чанд муҳоҷирони тоҷик бо иҷозати иқомат метавонанд аз ҳисоби квотаи Русия ба сафари Ҳаҷ бираванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik.  Бар хабари Равшан Аббясов, имсол аз 60 манотиқи Русия дасти  кам 25 ҳазор зоирин барои боздид аз хонаи Худо ба шаҳри Мадина мераванд.

Муҳаммадзода ба ҳоҷиён: ҳангоми ҳаҷ расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷикро фаромӯш накунед

Зимнан роҳбари идораи динии мусалмонон дар Русия гуфт, ки сар аз соли равон ҳукумати ин кишар метавонад тариқи квота шаҳрвандони хориҷиро низ ба зиёрати Ҳаҷ сафарбар кунад.

"Имрӯз, тибқи маълумоти ман, тақрибан 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки иҷозаи иқомат доранд, метавонанд тариқи квотаи Русия ба сафари Ҳаҷ раванд",- гуфт Равшан Аббясов, роҳбари Идораи рӯҳонии мусулмонони Федератсияи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Аббясов илова намудаст, ки Арабистни Саудӣ тавассути роҳандозӣ намудани раводиди электоронӣ кори роҳбаладони зоиринро даҳчанд осон намудаст.

Дар Тоҷикистон талабгорони Ҳаҷ коҳиш ёфтаст, сабаб дар чӣ бошад?

"Ҳозир зарурати ҷамъ намудани 25 шиносномаи довталабони Ҳаҷ ва сипас бурдани онҳо ба сафорат мавҷуд набуда, балки ҳамаи санадгузориро метавон тариқи электронӣ ба анҷом расонид,"- илова намуд Аббясов.

Абдулқодирзода дар ВМКБ: мулоқоти рӯҳониёни ҳанафӣ ва шиаи исмоилӣ ба манфиат аст

Зимнан роҳбари идораи динии мусалмонони Русия зикр намуд, ки одамоне, ки барои аавал мераванд, намедонанд ба куҷо раванд кай ва кадом маросимро бояд  баргузор кунанд. Дар куҷо бояд ибодат кард.

Худнамоӣ ва ё эътиқод: мақсади ҳаҷ бо чунин хароҷоти калон дар чист?

Аз ин ру ҳамроҳ бо зоирин ҳамчунин роҳбаладон ва кормандони тиб сафарбар мешаванд, гуфт Рушан Аббясов.