Зан ба рӯяш ниқоб карду сагашро сахт дар ҳарос андохт – навор

Зан рӯяшро ниқобпӯш кард, аммо интизор надошт, ки сагашро то ба ин дараҷа ба ҳарос меорад
Sputnik

Зан ба рӯяш ниқоби косметикии ранги сиёҳро гузошта дар ҳуҷрааш худро ба сагаш нишон медиҳад. Аммо саги ӯ на таҳо соҳибашро намешиносад, балки аз вай сахт ба ҳарос меафтад.

Ниқоби рӯи зан сагро чунон ба ҳарос меорад, ки ӯ аз соҳибаш бо ҳарос улосзанон дур мешавад. Зан кӯшиш мекунад бо ӯ суҳбат кунад, аммо саг бошад соҳибашро аз овозаш ҳам намешиносаду боз бо ҳарос улосзанон мегурезад.  

Танҳо баъди бӯй кардани соҳибаш  саг каме ором шуду фаҳмид, ки ба хатар дучор нашудааст.

Чанде пеш дар расонаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуда буд, ки дар он саге соҳибашро, ки дар наздикияш баҷо шуда буду худашро бо шарф пинҳон карда буд пайдо карда натавониста, ба ҳаяҷон афтода буд. Саг новобаста аз бӯйшинос буданаш аз паҳлуи соҳибаш мегузарад, аммо пайдо карда наметавонад.