Жээнбеков ҷонибдори рушди соҳаи энержӣ бо Тоҷикистон аст

Ба ҷузъ аз масоили аломатгузории марз кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон ба масъалаи захираҳои оби минтақа ва ҳамкорӣ дар бахши нерӯгоҳи барқӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар ҷараёни мулоқоашон  масъалаи тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ дар бахши неругоҳи барқиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Умедвории сокинони Ворух пас аз сафари ду президент

Бар хабари дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, роҳбарони ин ду давлат зимни мулоқоташон қайд карданд, ки рушди иқтидори гидроэнергетикӣ бо назардошти манфиатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳамияти бузург дорад

Раҳмон ва Жээнбеков  изҳори итминон намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори 2030 ва ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки берун аз марзи он низ такони мусбат хоҳад дод.

Робитаҳои бародаршаҳрӣ: Раҳмону Жээнбеков музокироти марзиро ҷамъбаст карданд

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари се рӯзаи расмӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад.

Мулоқоти раисҷумҳурони ду кишвар дар пасманзари таниши ахири марзӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.

Бар асари ноамниҳои ахир дар сарҳади ин ду давлат дасти кам 1 нафар ҷони худро аз даст дода, 16 тани дигар аз ҳар ду ҷониб ҷароҳат бардоштанд.

Раҳмон ва Жээнбеков масоили марзиро дар Қирғизистон баррасӣ мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков бо сокинони назди марзӣ вохӯрӣ намуда изҳор доштанд, ки ҳодисаи нохуши ахирро таҳти назароти бевоситаи худ қарор медиҳанд.