"Тоҷикстандарт" дар Хоруғ маводҳои хӯроквориро ташхис намуд

Раёсати "Тоҷикстандарт" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташхиси ройгони маҳсулоти хӯровориро ба роҳ андохт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Раёсати "Тоҷикстандарт" аз сифати муҳсулоти хӯрокворӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интиқод намуда, афзуд, ки бинобар дурии роҳ, маҳсулоти хӯрокворӣ то ба Бадахшон расидан, эҳтимол дар роҳ вайрон мешаванд.

Нигаронии Зокирзода аз нархи осмонии меваю сабзавот дар Бадахшон
Бинобар ин раёсати мазкур аз соҳибкорони бозору дӯконҳои шаҳр даъват ба амал овард, ки маҳсулоти худро қабл аз ба фурӯш баровардан мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Ба иттилои муовини сардори Раёсати "Тоҷикстандарт" дар вилоят Гулмамад Гулмамадов, масофа байни шаҳри Душанбе ва Хоруғ зиёда аз 500 километр буда, мошинҳои боркаш ин роҳро давоми 16-20 соат тай мекунанд.

Гулмамадов изҳор намуд, ки бинобар гармии аз ҳад зиёди ҳаво эҳтимол маҳсулоти хӯрокворӣ дар роҳ вайрон шаванд.

Гаронтарин орд ва арзонтарин гӯшт дар Бадахшон фурӯхта мешавад

Санҷиши навбатии ин ниҳоди назоратӣ нишон дод, ки аз нисф зиёди соҳибкорони бозори Хоруғ яхдон ё сардхона надоранд, маҳсулоти гӯштию ширӣ ва сабзавотро дар ҳавои кушод нигоҳ медоранд.

Супориш Президент: раису генералу муовини сарвазир ба "гаронтарин бозор" рафтанд–акс

Мутахассисони раёсати мазкур зимни санҷиш соҳибкоронро ҳушдор доданд, ки минбаъд маҳсулоти ширию гӯштӣ ва сабзавотро дар яхдон нигоҳ доранд, баръакси ҳол фурӯши ин  маҳсулот  манъ карда мешавад.

Зимнан гаронии нарх дар бозори марказӣ низ боиси интиқоди масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки бо дастури раиси вилоят ҳоло ин масъала ҳал хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бозорҳои ҷумҳурӣ нарзи маҳсулотҳоро мавриди санҷиш қарор дода буд.

Бар хилофи қарори шаҳрдорӣ: нархҳо дар бозорҳои Душанбе ва Хоруғ гарон шуданд

Натиҷаи омӯзишии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бозорҳои кишвар маълум намуд, ки аксаран арзонтарин маводи ғизоӣ дар вилояти Суғд буда, гаронтарин дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.