Осия 7 ҷарроҳиро паси сар кард ва нахустин бор ба ҳавохӯрӣ баромад- навор

Осия пас аз 38 рӯзи табобат дар шӯъбаи эҳё, бори аввал барои ҳавохӯрӣ ба берун баромад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Осия Зулфонова, ки рӯзи 19-уми июни соли равон бо 65 дарсади ҷароҳати сӯхтаи бадан дар Маркази шаҳрии рақами 3, маъруф ба "Маркази бемориҳои сӯхта", бистарӣ шуда буд, субҳи имрӯз, пас аз 38 рӯзи табобат дар шуъбаи эҳё, бори аввал барои ҳавохӯрӣ ва дидорбинӣ бо наздикон ба берун бароварда шуд.

Сомонаи Фараж аз қавли табиби беморхонаи мазкур Тоҳир Зубайдов хабар медиҳад, ки вазъи саломатии Осияи хурдсол пас аз 7 маротиба ҷарроҳӣ хуб арзёбӣ мешавад.

"Феълан вазъи саломатии бемор муътадил буда, рӯ ба беҳбудӣ аст. Дар ҳафтаҳои наздик беморро ба хона ҷавоб медиҳем",- изҳор намудаст Зубайдов.

Бибии Осия Фотима Зулфонова аз дастгирии Ҳукумати кишвар, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати профессори олмонӣ Эдгар Бимер, ҳамчунин ба табибони ҳозиқи бемористон, бахусус Тоҳир Зубайдов, изҳори сипосу миннатдорӣ баён намудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи оташ задани Осияи шашсола рӯзи 19-уми июни соли равон, дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар маҳали "Боғи миллӣ" ба вуқуъ пайваст.

Оташ маро фаро гирифт: Осия ба модараш аз бераҳмии ноболиғон шикоят кард

Мақомоти тафтишотӣ дар оташ задани Осия Зулфонова се нафар писарбачаи сокини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро гумонбар донистанд.

Юсуф Раҳмон: омилони оташсӯзии Осияи 6-сола муҷозот намешаванд

Ба гуфтаи мақомот, ду кӯдаки гумонбар дар оташзаниро, ки 9 ва 10 сол доранд, ба мактаби махсуси шаҳри Душанбе фиристоданд, аммо Суннатулло Очилдиеви 13-сола, ки саркардаи оташ задани духтарча дониста мешавад, дар Маркази саломатии бемориҳои рӯҳии кӯдакон ва наврасон бистарӣ карда шудааст.

Тафтишот ошкор кардааст, ки маҳз С. Очилдиев дар оташзании Осия нақши асосиро доштааст ва пеш аз оташ задан бо сагаш ҷабрдидаро тарсонида, ба симтӯр бастааст ва дар гирдаш алафҳои хӯшкро ҷамъ карда, оташ задааст.