"Тайота-Раф 4"- ро ноболиғ аз нуқтаи шустушӯйи мошинҳо рабудаст

Кормандони милитсия дар ноҳияи Тоҷикобод бо гумони ғайриқонунӣ рабудани мошин, ноболиғи16- соларо дастгир намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ба шӯъбаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод сокини ноҳия, марди 23- сола шикояте бурдааст, ки шахси номаълум мошинашро аз назди нуқтаи шустушуйи мошинҳо  ба самти номаълум ҳай карда бурдааст.

ВУД: ошкоршавӣ дуздии 85000 рубл аз дохили ҳамён ва 3780 сомонӣ аз хазинаи нуқтаи мошиншӯӣ

Бар хабари  манбаъ, ҳодиса 9- уми июли соли равон тахминан соати 11:00 рух додааст.

Дар нуқтаи шустушӯи мошинҳо пули мизоҷро дуздидаанд

ВУД тавзеҳ медиҳад, ки автомашинаи тамғаи "Тайота-Раф 4", ки дар назди нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Зафарободи ҳамин ноҳия беназорат меистод, аз ҷиниби шахси номаълум рабуда шудааст. 

Дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро рабуду дар роҳ чапа кард: зарар 10 ҳазор сомонӣ

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 16-солаи сокини деҳаи Зафаробод бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз руйи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.