Вазири тоҷик дар Узбакистон ба масҷид рафту бо “идея” баргашт

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, дар масоҷиди Узбакистон шоҳиди вуҷуди гӯшаҳои китоб гардид ва хостори роҳандозии ин таҷриба дар масоҷиди Тоҷикистон шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Орумбекзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе нақл кард, ки дар Узбакистон вақте ба масҷид ворид шуданд, дар як гӯшаи он китобхонаеро диданд, ки баробари китобҳои динӣ китобҳои дунявӣ низ дошт.

Муроҷиатнома ба тоҷикистониён: 7 ҷои манъи намозхонӣ ва шарти соқит шудани намози ҷумъа

Вазири фарҳанг гуфт, роҳандозии таҷрибаи Узбакистон, ташкили китобхонаҳо дар масоҷиди Тоҷикистон низ иқдоми хуб мебуд. Ба гуфтаи вазир ин як идея, пешниҳод аст, зеро дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба масоҷид зиёд буда, шаҳрвандон метавонанд дар лаҳзаҳои фориғ аз намоз ба мутолиаи китобҳо машғул шаванд.

Ӯ муҳим хонд, ки мардум бо мавъизаи воизон дар масоҷид маҳдуд нашаванду муносибати илмӣ дошта бошанд ва худашон мустақилона низ китобҳои динию дунявиро мутолиа кунанд.

Вазири фарҳанг зарур донист, ки наслҳои нав дар руҳияи китобхонӣ тарбия шаванд.

“Падаре, ки рӯзнома намехонад, писараш ҳам намехонад. Бояд фарзандонро дар руҳияи китобхонӣ тарбия кард”, - изҳор дошт вазир ва аз солҳои пешин зикр намуд, ки китобҳо ҳамчун нигора дар хонаҳо нигоҳ дошта мешуданд.