ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1495 то 0.1510 сомониро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 9.4397 то 9.4400 сомонӣ арзёбӣ кардааст, аммо корафтодагон мегӯянд, бо ин арзиш пайдо кардани доллар ғайриимкон мебошад ва қурби аслӣ хеле болотар аз он мебошад.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 10. 4875 то 10.7500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар бозори расмии ғайринақдӣ имрӯз қурби 1 доллари ИМА — 9.4397 сомонӣ, 1 евро – 10.4875 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1495 сомониро ташкил медиҳад.
Идрисзода гуфт, маблағи зарари “Умед – 88” ба “Роғун”-ро мерӯёнанд
БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.