Дар Исфара замони мулоқоти Раҳмон ва Жээнбеков роҳҳо масдуд мешаванд

Дар давраи вохӯрӣ ва мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков роҳҳо дар шаҳри Исфара аз ҳама тараф баста хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, барои таъмини амнияти раисҷумҳурони ду кишвар аз шаҳри Душанбе ба Исфара қувваҳои иловагии ҳарбӣ интиқол дода шудааст.

"Дар ҷараёни мулоқоти роҳбарони кишварҳои ҳамсоя масири шаҳри Исфара пурра баста хоҳад шуд; дар роҳҳое, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мегузаранд, гузаргоҳҳои иловагӣ гузошта мешаванд. Аз Душанбе қувваҳои иловагии амниятӣ интиқол дода шудааст",- омадааст дар хабари вазора.

Ёдовар мешавем,ки вохӯрии раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон фардо дар шаҳри Исфара баргузор мешавад.

Раҳмон Жээнбековро ба марз даъват кард

Сооронбой Жээнбеков бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон озими шаҳри Исфара мешавад.

Мулоқоти роҳбарони ду давлат дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд.

Маврид ба зикр аст, ки бар асари  таниши ахири марзӣ дасти  кам 1 нафар ҷони худро аз  даст дода, ҳамзамон 16 тани  дигар аз ҳар ду ҷониб ҷароҳат бардоштанд.

Рафтуомад аз маркази шаҳри Исфара ба самти ҷамоати Ворух сар аз субҳи панҷшанбеи 25 июл аз сар гирифта шуд. Ҳаракат дар ин масир дар пайи муноқишаи рӯзи 22 июл, қатъ шуда буд.

Роҳи Исфара-Ворух боз шуд

Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, ки боз шудани роҳ, натиҷаи музокироти дурӯзаи мақомоти баландпояи ду кишвар мебошад.