Парвандаи ҷиноӣ алайҳи блогерҳо - Барон ва Рустам барои видеои “фоҳишаҳо дар трасса”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи блогерон - Беҳрузи Маҷидиён, Ашуров Рустам, Ҷалилов Шаҳриёр ва Юсуфҷони Давлатмурод хабар дод, ки дар паҳн намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ муттаҳам мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, алайҳи афроди мазкур барои нашри навори “Барон ва Рустам, рейди фоҳишаҳо дар трасса” тариқи шабакаи Ютуб бар асоси моддаи 144-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Номбурдагон дар ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ айбдор шуда, парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳоро додситонии Душанбе таҳқиқ мекунад.

“Бозори Сомонро аз Чолов мегирам”: ҷазои Абдуаллимов барои қаллобӣ ва фурӯши духтарон

Дар наворе, ки ахиран тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ду блогер Беҳрӯзи Шариф, сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо тахаллуси “Барон” ва Рустам Ашӯров, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе фоҳишаҳоро дар хиёбонҳои пойтахт савори мошинашон карда, бо онҳо дар бораи нарх ва шеваи хидматрасониҳо суҳбат мекунанд.

Дар навор рӯйи занони танфурӯш пӯшонда шудааст ва дар охир ин ҷавонҳо ба ҳар кадоме 50 сомонӣ пешниҳод карда, хоҳиш мекунанд, ки он шаб аз танфурӯшӣ накунанду пеши хонавода бираванд.

Дар мавриди ду муттаҳами дигар ВУД иттилоъ додааст, ки онҳо - Ҷалилов Шаҳриёр Ҷонович, сокини 24-солаи Душанбе, барномасоз-танзимгар ва Юсуфҷони Давлатмурод, сокини 19-солаи пойтахт, донишҷӯи бахши 2-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, муассиси шабакаи “Авлод-Медиа” дар Ютуб мебошанд.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи блогерҳо - Барон ва Рустам барои видеои “фоҳишаҳо дар трасса”

ВУД таъкид кардааст, ки таъсиси чунин шабакаҳо ва пешбурди ин тарзи фаъолияти иттилоърасонӣ мамнуъ набуда, вале он нафароне, ки худро блогер медонанду бо ин роҳ мехоҳанд маблағ ба даст оваранд, бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя намуда, дар доираи қонун фаъолиятро ба роҳ монанд.

Парвандаи Тухтаматова: чигуна тоҷикон дар Дубай "қарздор"-у водор ба танфурӯшӣ мешаванд?

“Ин нафарон дар барномаи мазкур ба таври ғайриқонунӣ ба ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ машғул гардидаанд, ки дар натиҷа сирри шахсӣ ва ё оилавии занону духтарон ошкор ва аз ҷониби таҳиякунандагон бо мақсади ба даст овардани маблағ тавассути Интернет дастраси омма гардидааст. Илова бар ин, дар навори мазкур хусусияти тарғиботии фоҳишагӣ ва тарзу усулҳои хизматрасонии кирдорҳои ғайриахлоқӣ ҷойгир карда шуда, дар он алфози қабеҳ, дашному ҳақорат, ки ба зеҳни истифодабарандагону тамошобинон таъсири манфӣ мерасонад, истифода ва нашр гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон афзудааст, ки пайваста алайҳи танфурӯшҳо рейду санҷишҳо мегузаронад, аммо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи онҳо рӯйхат, ному насаб ва расму навори амалиётҳои баргузоргардида расонаӣ карда нашуда, танҳо барои корбарии мақомоти дахлдор истифода бурда мешавад.