Ворух: роҳ баста, гуфтушунид идома дорад

Мулоқоти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон вобаста ба муноқишаи ахир дар марзи ду кишвар идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ду рӯз боз ягона роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки аз байни деҳаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, бастааст, иттилоъ дод сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев.

Тоҷикистону Қирғизистон дар якҷоягӣ тирпарронӣ дар марзро санҷиш хоҳанд кард

Ба гуфтаи вай, ҷониби Қирғизистон роҳро баъд аз муноқишаву тирпарронӣ, ки рӯзи 22 июли соли равон сурат гирифт баста, то ҳол боз накардааст.

Инчунин Иқбол Тешаев афзуд, ки дар ҳоли ҳозир интиқоли ду нафаре, ки дар муноқишаи ахир захмӣ шуданд ва ҳолати онҳо вазнин аст, ба мушкилот рӯ ба рӯ шудааст.

“Онҳо бояд дар бемористони марказии шаҳр ҷарроҳӣ шаванд, аммо мутаасифона ба сабаби баста шудани роҳ натавонистем онҳоро аз Ворух барорем ва ба бемористони Исфара интиқол диҳем”, - гуфт вай.  

Сухангӯи раиси шаҳри Исфара зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир гуфтушуниди мақомоти ду кишвар идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон тасмим гирифтанд  муноқиша ва тирпарронӣ дар марзро якҷоя санҷиш кунанд.

Коршинос: таниши марзии Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш намеёбад, аммо он бояд ҳал шавад

Тавре ҳукумати Қирғизистон хабар дода буд, Тасмим мазкур, зимни мулоқоти Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Жениш Разоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон гирифта шудааст.

“Зимни мулоқот тарафҳо тасмим гирифтанд, ки муноқишае, ки ахиран дар марз сурат гирифт, дар якҷоягӣ санҷиш шавад. Инчунин, тарафҳо дар бораи назорати муштараки марз ва бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳии миёни аҳолии назди марзии ду кишвар ба тавофуқ расиданд”, - таъкид намудааст ҳукумати Қирғизистон.

Ёдрас мешавем, ки, рӯзи 22 июли соли 2019  сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.

Тахминан соати 16:35 дақиқа, шаҳрвандони Қирғизистон монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.

Раҳимзода вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворухро вазнин арзёбӣ кард

Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

КДАМ мегӯяд, маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.