Тоҷикистону Қирғизистон дар якҷоягӣ тирпарронӣ дар марзро санҷиш хоҳанд кард

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Жениш Разоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон вобаста ба муноқиша ва тирпарронии ахир дар марзи ду кишвар мулоқот намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша ва тирпарронӣ дар марзро якҷоя санҷиш хоҳанд кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон.

Тасмим мазкур, имрӯз зимни мулоқоти Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Жениш Разоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон гирифта шудааст.

 “Зимни мулоқот тарафҳо тасмим гирифтанд, ки муноқишае, ки ахиран дар марз сурат гирифт, дар якҷоягӣ санҷиш шавад. Инчунин, тарафҳо дар бораи назорати муштараки марз ва бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳии миёни аҳолии назди марзии ду кишвар ба тавофуқ расиданд”, - таъкид намудааст ҳукумати Қирғизистон.

Раҳимзода вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворухро вазнин арзёбӣ кард

Таъкид шудааст, ки мақомоти маҳалӣ назорати вазъро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон идома диҳад.

Ёдрас мешавем, ки, рӯзи 22 июли соли 2019  сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.

Тахминан соати 16:35 дақиқа, шаҳрвандони Қирғизистон монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.

Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

КДАМ мегӯяд, маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.