Рушди 18,3 дарсадии тавлиди ангишт дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар кишвар тайи нимаи аввали соли ҷорӣ ба арзиши 111,1 миллион сомонӣ - 11,7 миллион доллари амрикоӣ ангишт тавлид шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазорати саноат ҳаҷми ангишти истихроҷшуда дар шаш моҳро беш аз 715 ҳазор тонна арзёбӣ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА. Манбаъ афзуд, ки дар кишвар 10 ширкат аз 8 маъдан ангишт истихроҷ мекунад.

Қарзи “Барқи Тоҷик” ширкатҳои истихроҷи маъданро дучори мушкил кард

Ба иттилои Вазорат, 63 дарсади ангишти тавлидшуда саҳми ширкатҳои давлатӣ мебошад.

“Дар ин муддат 717,4 ҳазор тонна ангишт, аз ҷумла ангишти аз соли гузашта боқимонда фурӯхта шуд. Беш аз 424,2 ҳазор тонна, яъне 59 дарсади ангиштро нерӯгоҳи ҳароратии Душанбе-2 харид кард. Ширкатҳои саноатӣ 34 дарсад, мардум 5,5 дарсад ва муассисоти буҷавӣ 05 дарсад ангиштро харидорӣ карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Коршиносон таъкид кардаанд, ки ниёзи Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба ангишт дар ин муддат ба 133,7 ҳазор тонна рушд кард.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 1 дарсади ангишт содир шудааст. Бар асоси омори расмӣ, содироти ангишт дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашт 63,5 дарсад коҳиш ёфт.Дар ин муддат 7 ҳазору 049 тонна ангишт ба Покистон ва 78 тонна ба Ӯзбекистон содир шуд.