ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. КДАМ Тоҷикистон дар изҳороташ, ки АМИТ "Ховар" нашр кардааст, мегӯяд, шаҳрвандони Қирғизистон худсарона заминро кофта, дар ҳудуди ҷамоати Ворух навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб кардаанд.
"Рӯзи 22 июли соли 2019 сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд. Тахминан соати 16:35 дақиқа, шаҳрвандони ҶҚ монеа шуда, худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.
Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.
Пеш аз сафари Раҳмон: талоши Муҳриддин барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон
КДАМ мегӯяд, қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурданд, ки бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.
Дар изҳороти КДАМ омадааст, ки шаҳрвандони ҶҚ аз фурсат истифода бурда, ғайриқонунӣ роҳи "Исфара-Ворух"-ро бастанд.
"Маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд", - омадааст дар хабарнома.
Раҳмон ва Жээнбеков дар Ворух масоили марзиро баррасӣ мекунанд
Манбаъ афзуда, ки айни замон намояндагони расмии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.