ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба чизи дигаре мубаддал нахоҳад шуд, аммо ихтилофоти мавҷударо бояд сари вақт ҳал намуд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости бо истинод ба гуфтаҳои Мендкович.
"Ман бар ин боврам, ки муноқишаи феълӣ ба чизи дигари баландтар мубаддал намеёбад, зеро чунин таниш маротибаи нахуст дар марзи ин ду кишвар рух надода, чандбораҳо чунин як ихтилоф миёни сокинон ба амал омада буд. Сокинони ин ду манотиқ барои марзе, ки аломатгузорӣ нашудааст, пайваста вориди даргир мешаванд, ки муттассифона дар пай талафоти ҷонӣ ҳам меорад. Ягона роҳи ҳали ин вазъ баргузор намудани гуфтушунидҳои билфосила оид ба аломатгузории хати сарҳад ба ҳисоб меравад",- изҳор намудаст коршиноси рус.
Ин амалкарди Узбакистон барои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун намуна бояд истифода бурда шавад, зикр намудааст Никита Мендкович
Ёдовар мешавем, ки рузи душанбе дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрд миёни сокинони Ворух ва Оқсой сар зад, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида наздики 16 тани дигар сахт маҷрӯҳ шуданд.
Навори тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - 5 видео