“Амонатбонк” аз аҳолӣ саҳмияҳои “Сангтуда”-ро бо арзиши 10 доллар харидорӣ мекунад

Масъулини “Амонатбонк” эълон намуданд, ки бонки давлатӣ дар ҳоли ҳозир аз аҳолии кишвар ба миқдори беш аз 1 миллион сомонӣ саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии “Сангтӯда”-ро харидорӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки дар саҳмияҳои неругоҳи “Сангтӯда”, ки соли 1996 ба миқдори 97 ҳазор адад ба муомилот бароварда шуда буданд аз  аҳоҳӣ харидори хоҳанд кард.

Нерӯгоҳи Сангтуда-1 моликияти худро мефурӯшад

Вай афзуд, арзиши ҳар як саҳмия он замон 3 ҳазор рубли он давра ё 10 доллари амрикоиро ташкил медод.

Сироҷиддин Икромӣ,таъкид намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 1 адад саҳмияро ба баҳои 10 доллар ё 94 сомонӣ аз мардуми кишвар харидорӣ дорад.

“Раванди харидории саҳмияҳои  неругоҳи “Сангтӯда” аз аҳолӣ 31 майи соли ҷорӣ оғоз шуда ва то 31 декабри соли 2021 идома хоҳад ёфт. Ҳукумати Тоҷикистон ба ин манзур 10 миллион сомонӣ ҷудо кардааст”, - гуфт Икромӣ.

Қарори Эмомалӣ Раҳмон: пули саҳмдорони "Сангтӯда"-и барҳамхӯрда пардохт шавад

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар авохири моҳи дкабри соли гузашта дастур дод, ки маблағи саҳмияҳои “Сангтӯда”, ки мардум ва ширкатҳо солҳои 90-ум харида буданд, пардохт карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва “Амонатбонк”-ро вазифадор намуд, саҳмияҳои мардум ва ширкатҳоро дар ҷамъияти барҳамхӯрдаи “Сангтӯда” ҳисоб кунанд ва арзиши номиналии онро пардохт намоянд.

“Амонатбонк" саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда”-и барҳамдодашударо аз аҳолӣ мехарад

Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, охири моҳи декабр имзо намудааст, Ҳукумати Тоҷикистон фоидааш аз фаъолияти нерӯгоҳи “Сангтӯда 1”- ро дар солҳои 2017, 2016 ва солҳои қаблӣ ҳудуди 57,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст.

Қарзи “Барқи тоҷик” аз Сангтӯда-1 ва 2 марзи 2,2 млрд сомониро убур кард

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон буда, ҳудуди 12 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва харидори асосии барки нерӯгоҳ ширкати "Барқи тоҷик" мебошад.