ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Содиқҷон як сокини деҳаи Ворух дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Абдуҷалол Қароев то чанд соли пеш, омӯзгори фанни математика ва ҷонишини мудири мактаби № 23 дар Ворухи Исфара кор мекард. Ӯ, солҳои охир, зиндагиашро аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ пеш мебурд.
“Дирӯз, тақрибан соатҳои 16: 00 буд, ки қирғизҳо муноқишаро сар карда ба сангзаниву тирпарронӣ гузаштанд. Мутаасифона, тир ба тарафи гӯши рости Абдуҷалол расидааст, ки дар натиҷа ӯ кушта шудааст”, гуфт, Содиқҷон.
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як кушта ва 16 захмӣ
Бино ба гуфтаи шоҳидон, муноқишаи марзӣ аз пушти насби парчамҳо сурат гирифтааст. Сокинону масъулони Ворух, дар остонаи ташрифи раисиҷумҳур ба шаҳри Исфара, мехостанд, роҳу кӯчаҳоро тозаву ҳамвор намуда, парчамҳоро дар симчӯбҳои ҳудуди ин ҷамоати Ворух насб кунанд, вале барои ин кор қирғизҳои Оқсой монеъгӣ кардаанд. Ин хархаша, баъдтар ба сангпартоӣ табдил ёфтаву ҷониби қирғизҳо ба тирандозӣ гузаштаанд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон, низ дар бораи рухдоди муноқишаи марзии бегоҳии 22-уми июл миёни Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон аз хабар додаанд. Дар иттилоъияи мақомоти амнияти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар паи ин таниши марзӣ, 17 нафар аз сокинон, ки дар миёни онҳо як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам будааст, аз сангзанию тирпарронии ҷониби қирғизҳо захмин шуда, аз ин ҳисоб Абдуҷалол, собиқ омӯзгори мактаби деҳа ба ҳалокат расидааст.
Зимнан онҳое, ки дирӯз дар муноқишаи марзӣ аз зарби сангу тир захм бардоштаанд, дар шӯъбаи ҷарроҳии бемористони марказии ҷамоати Ворух интиқол дода шудаанд.
Аммо Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ додааст, ки бо гузашти як рӯз аз рухдоди муноқиша, роҳи миёни Исфара-Ворух, ки аз марзи Қирғизистон мегузарад, баста буда, сарҳадбонони қирғиз, барои убури мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба Ворух иҷоза надодаанд.
Ҳоло сокинони Ворух мегуянд, даҳҳо тан аз наздикону пайвандонашон дар Исфара, дар роҳ сӯи Ворух банд мондаанд. Сарҳадбонони қирғиз барои убури онҳо ба манзилҳояшон иҷоза намедиҳанд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ, рухдоди ин ҳодисаи ахир ва он ҳам дар остонаи сафари сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба Ворухро, амали иғвоангезонаю моҷароҷуёнаи баъзе аз сокинони қирғиз маънидод кардаанд.
Бино ба иттилоъи расмӣ, субҳи рӯзи сешанбеи 23-уми июл Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Ворухи Исфара сафар карда, ҳамроҳ бо ҳамтои худ, раиси вилояти Ботканд, барои ба эътидорл овардани вазъ дар марз якҷо гуфтушунид доранд.
Коршиносони масоили марзӣ таъкид меварзанд, рухдоди чунин муноқишаҳои марзӣ дар арафаи воқеаҳои муҳим, баёнгари он буда метавонад, ки доираҳое дар пушти ин кор истодаанд ва ин ноамнсозиҳоро ба зиммаи худ гирифтаанд.
Неъматулло Мирсаидов коршиноси масоили марзӣ мегуяд, аз рухдоди ин гуна танишҳои марзӣ собит мешавад, ки гурӯҳҳое манфиатдори ба эътидол овардани вазъи назди марзӣ нестанд.
Баъди пошхурии иттиҳоди Шӯравӣ, масъалаи тақсими марз ба яке аз проблемаҳои умдаи ҷумњурињои Осиёи марказӣ боқӣ монд ва то кунун ин мушкил ҳамчунин ҳалношуда боқӣ мондааст. Навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон, ки шимоли ин кишвар маҳсуб мешавад бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, вале хатти марз, барои сокинони ин ду кишвар то ба имрӯз муайяну мушахас нашудаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки 50 % и он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Чунин номуаянӣ боиси ҳар лаҳза низову бархурдҳо миёни сокинони оддӣ ва сарҳадбонони ин ҷумҳуриҳо мешавад.