"Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ бо саг шинӣ...": тӯтӣ худро саг мешуморад - видеои хандаовар

Соҳибхона ҳодисаеро ба навор гирифтааст, ки дар он тӯтӣ чун саг аккос мезанад
Sputnik

Ин ҳодисаи аҷиб дар Африқои Ҷанубӣ рух додааст. Дар навор ду сагча ва як тутӣ дар назди дарвоза манзили соҳибхонаро посбонӣ доранд.

Аҷиб намояд ҳам, ҳар се ҷонвар баробар аккос мезананд. Муаллифи навор навиштааст, ки 19 сол боз тӯтӣ дар ин хона ба сар мебарад ва то ин дам овози аҳли хонавода ва ҳатто сагҳоро аз худ кардааст.

Аллагӯии мард барои гурбааш-видеои аҷиб

Фил духтари суратгирро шаппотӣ зад - видео

"Ӯ миёни сагҳо бисёр ҳушёр ва доно ба воя расид. овози одамон ва сагҳоро бисёр хуб такрор мекунад", - шарҳ додааст муаллиф.

Пешравӣ: бӯзинаҳо ба смартфон алоқамандӣ пайдо карданд – навор

Аз навор идда мешавад, ки тутӣ дар ҳамзистӣ бо сагон овози онҳоро хуб аз худ кардааст ва ҳатто ҷо ҷое аз сагон беҳтар аккос мезанад.

Ҷуфти ширин: гурбаю саг дар оғӯши ҳам-видео

Чанде пеш дар интернет наоре пайдо шуд, ик дар он саг хирсро "талхакаф" мекунад.